Рӯзи 20 феврал дар Руссия ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ оид ба мубориза бо терроризм баргузор мегардад. Дар ин бора Агентии иттилоотии ТАСС бо истинод ба маълумоти муовини намояндаи доимии Русия дар СММ Мария Заболотская хабар додааст. Мулоқот аз рӯи формулаи “Арриа” баргузор мешавад.
Муовини намояндаи доимии Федератсияи Русия дар СММ таъкид кард, ки Русия ба зараре, ки чораҳои маҷбурии якҷониба ба қобилияти давлатҳо дар муқобила бо терроризм мерасонад, аҳамияти хоса медиҳад. Ба гуфтаи вай, як қатор кишварҳои рӯ ба тараққӣ бо ин мушкилот рӯбарӯ ҳастанд.