Ҳамасола дар саросари ҷаҳон 9 миллион нафар бар асари вазъи мураккаби фазои экологӣ мефавтанд, ин маълумот дар гузориши Агентии иттилоотии Reuters дарҷ гардидааст. Яке аз сабабҳои ин ҳолат аз ҳисоби садои баланди воситаҳои нақлиёт ва корхонаҳои истеҳсолӣ ва шурӯ ғавғо дар кӯчаҳо мебошад, ки дар ниҳоят ба фаъолияти мӯътадили асаби инсон таъсири манфӣ расонида, боси бемориҳои шадид ва марг мегардад.
Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт, садои дуру дароз ба ҳолати рӯҳию равонӣ ва ҷисмонии инсон таъсири ниҳоят бад мерасонад. Танҳо дар Аврупо ҳамасола 48 ҳазор ҳолати нави бемории ишемияи дил ба қайд гирифта мешавад, ки яке аз мушкилоти мубрами ҳалталаб ба ҳисоб меравад. Иттиҳоди Аврупо тасмими гирифтааст, ки то соли 2030 садои нақлиётро ба 30% дарсад паст кунад. Бо ин мақсад дар шафати роҳҳои автомобилгард дарахт шинонда мешавад, ки ин ҳолат то андозае ба паст кардани садо боис мегардад.