Таҳлил 13 қонун дар соли 2023 аз тарафи Маркази миллии қонунгузорӣ

Вобаста ба таҳия ва пешниҳод оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 адад қонунҳо таҳлил гардиданд, ки дар натиҷа таклифҳои илмӣ рӯйи кор омад, гуфт директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло.

Ҳамчунин итилоъ дода шуд, ки ба Маркази миллии қонунгузорӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳо 120 адад лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ ворид гардида, аз он 505 таклиф ба субъектони ҳуқуқэҷодкунандаҳо баҳри бартараф намудани камбудиҳои лоиҳаҳои пешниҳод карда шуд.