25 январи соли 2024 дар Душанбе вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, гуфтушунид кард.
Вазирон дар сиғаҳои маҳдуд ва васеъ вазъият ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муфассал баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Зимни музокирот ба татбиқи тавофуқоте, ки дар сатҳи олӣ дар натиҷаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар моҳи майи соли 2023 ба даст омадаанд, ба вежа оид ба фаъолгардонии соҳаи савдо, ҳамкории энергетикӣ ва сармоягузорӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Дар рафти музокирот омодагӣ барои дастгирии мутақобила дар масъалаҳои пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ, СААД, САҲА, абзори вохӯриҳои Машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба тасдиқ гардид.
Дар натиҷаи гуфтушунид харитаи роҳ оид ба омодагӣ ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 мувофиқа карда шуд.
Музокирот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ки ба муносибатҳои ду кишвари бародар хос аст, баргузор шудааст.