Шоми имрӯз (22 01 24) дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бозии сеюми худро дар чаҳоргонаи “А” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 анҷом медиҳад.
Бозӣ дар варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамади Доҳа миёни тими миллии Тоҷикистон ва дастаи мунтахаби Лубнон доир мегардад. Ёдовар мешавем, ки қаблан футболбозони тоҷик бо дастаи мунтахаби Чин мусовӣ ва аз футболбозони Қатар бо ҳисоби 0:1 шикаст хурда буданд.
Бояд зикр намуд, ки аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз байни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.