Шинонидани беш аз 500 адад навниҳоли дарахтони навъи санавбар дар Душанбе

Бо мақсади амалигардонии Барномаи нави миллии “Кишвари сабз” барои солҳои 2023 – 2027” ва ҷонибдорӣ аз ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе оид ба шаҳри сабз табдил додани шаҳри Душанбе санаи  19 январи соли 2024 дар кӯчаи ба номи Асадулло Ғуломов ва маҳаллаҳои 83 ва 84 ноҳияи Синои шаҳри пойтахт ҳашари дастаҷамъонаи ниҳолшинӣ баргузор гардидааст.

Тавре сомонаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар рафти баргузории чорабинии оммавӣ дар мавзеъҳои мазкур беш аз 500 адад навниҳоли дарахтони навъи санавбар бо риояи талаботи агротехникӣ шинонида шудааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин иқдоми сабзгардонӣ, роҳбарият, дигар кормандони Кумита аз сохторҳои дастгоҳи марказии он, раёсат ва марказу муассисаҳои фаъолияткунанда, аз ҷумла Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе, сохтору мақомоти дахлдори ноҳияи Синои пойтахт иштирок намуданд.

Чунин иқдом бо назардошти мусоид омадани боду ҳаво муташаккилона идома дошта, ҷиҳати расидан ба ҳафҳои муайянгашта ҳамкориҳо бо ҳамаи мақомоту сохторҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст.