ҶОМИ ОСИЁ – 2023: Тоҷикистон Лубнонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод

Дар доираи бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё -2023 дар гурӯҳи “А” тими миллии Тоҷикистон бо тими миллии Лубнон рақобат намуд.

Бозии дастаҳо дар майдони “Ҷосим бин Ҳамад”-и Доҳа баргузор гардида, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи футболбозони Тоҷикистон ба анҷом расид. Голи ягонаи мунтахаби Лубнонро Б. Жради дар дақиқаи 47-уми бозӣ ба самар расонд.

Дар қисмати дуюми бозӣ футболбозони мо тавонистанд, ки ҳисобро баробар кунанд. Дар дақиқаи 80-ум Парвиз Умарбоев аз зарбаи ҷаримавӣ голро ба самар расонид. Дар дақиқаҳои иловагии бозӣ Ҳамроқулов як голи дигарро вориди дарвозаи ҳариф намуда, пирӯзии ҳамдастаҳояшро таъмин намуд.

Бояд гуфт, ки ҷараёни бештари бозиро футболбозони тоҷик идора намуданд.
Акнун тими миллии Тоҷикистон роҳашро барои идомаи мусобиқот ҳамвор намуд.