“Садои мардум”: Дар Тоҷикистон шабакаи нодири мониторинги пиряхҳо фаъол шуд (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла масъалаи паёмадҳои  тағйирёбии иқлим, аҳамияти Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024, мавриди амал қарор гирифтани қонун “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо”,  интизорӣ аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ ва лоиҳаи гузариш ба низоми 10-хола баҳогузорӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 17 январ бо нашри мақолае аз паёмадҳои хушксолии соли ҷорӣ барои Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунад. Ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ зимистони солҳои 2023-2024 ҳавои Тоҷикистон назар ба меъёрҳои муқаррарӣ гармтар ва камбориш пешгӯӣ мешавад.

Ба навиштаи муаллиф, хушксолӣ одатан бо антисиклонҳо алоқаманд аст, ки дар натиҷа муддати тулонӣ аз чанд ҳафта то ду-се моҳ обу ҳавои муътадил ва камбориш ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа фаровонии гармии офтоб ва тадриҷан кам шудани намии ҳаво боиси афзоиши бухоршавӣ мегардад, аз ин рӯ, нахуст, захираи намии хок кам мешавад. Дар ниҳоят оҳиста-оҳиста бо пурзӯр шудани хушксолӣ ҳавзҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва чашмаҳо хушк мешаванд, яъне хушксолии гидрологӣ оғоз меёбад.

Бо назардошти ин вазъият, таъкид мегардад, ки дар ин раванд, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим муҳимтарин роҳи наҷот аз таъсири дигаргуншавии иқлим мебошад. Мутобиқшавӣ дар ҳама соҳаҳо бо роҳу усулҳои гуногун сурат мегирад, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, рушди истеҳсоли барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия – об, офтоб ва шамол манфиатовар аст.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора доир ба аҳамияти эълон гардидани соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон  назари чанде аз коршиносон ва рӯшанфикронро  нашр кардааст. 

Парвон Мирзозода, декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин замина гуфтааст, ки имрӯз маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон  дар дараҷаи начандон хуб қарор дорад, ки ин албатта монеи рушди ҷомеа мегардад. Пешрафти давлатҳои абарқудрат аз пешрафт ва маърифати баланди ҳуқуқии шаҳрвандони онҳо шаҳодат медиҳад.

Аз сӯи дигар ба гуфтаи Комрон Аҳмадхонов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, пеш аз ҳама ҷавонону наврасонро зарур аст, ки аз маърифати ҳуқуқӣ бархӯрдор бошанд, то зиракии сиёсиро аз даст надода, шомили ҳеҷ гуна гурӯҳҳои тундрав нашаванд. Аҳмадхонов таъкид мекунад, ки ҳар гуна қонуншиканӣ ва содир кардани ҷиноят дар ҷомеаи мо аз паст будани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва надонистани ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон сарчашма мегирад.

Дар баробари ин ба гуфтаи Ситора Абдумуъминзода, муовини ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, як инсони комил, худшинос ва ватандӯст бояд маърифати ҳуқуқии баланд дошта, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи давлати худро ба пуррагӣ донад, зеро ҳар инсоне, ки дар доираи қонун амал мекунад, ба хато роҳ намедиҳад.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 15 январ дар робита ба мавриди амал қарор гирифтани қонун «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» дар кишвар бо профессор Абдуҳамид Қаюмов раиси Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусоҳиба кардааст.

Ба гуфтаи профессор Қаюмов маркази мазкур дар Тоҷикистон шабакаи нодири мониторинги пиряхҳо дар баландиҳои 3500-4800 метр аз сатҳи баҳр насбшударо роҳандозӣ кард, ки чунин шабакаҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ангуштшумор аст.

Номбурда афзуд, ки барои ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон истифодаи усули биологӣ, яъне дарахтзор кардани мавзеъҳои наздик ба пиряхҳо мувофиқ аст. Вай дар идома афзуд, ки ин таҷриба дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор дошта, ин усул дар ду давлати ҷаҳон — Тоҷикистон ва Италия истифода мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки бо дастури Пешвои миллат дар Тоҷикистон чанде пеш Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки олимону мутахассисони он фаъолияти илмӣ-татқиқотиро пеш мебаранд.

Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар матлаби дигари хеш хабар дод, ки ахиран китоби журналист Камоли Қурбониён зери унвони  «Журналист барои ҳамеша» нашр шуд.  Китоби «Журналист барои ҳамеша» аз рӯзгор, осор ва андешаю афкори ҳафт журналисти номдори тоҷик — Фарзонаи Хуҷандӣ, Бобохони Маҳмад, Талъат Нигор, Абдулқодири Раҳим, Ҳуриннисо Ализода, Марямбонуи Фарғонӣ ва Акбари Саттор қисса мекунад. Сабки нигориши китоб бо шеваи хос ва навоварона буда, матлабҳои он аслан дар шакли мустанад ва таҳқиқӣ манзури хонанда гаштаанд.

Таъкид мешавад, ки китоби «Журналист барои ҳамеша» аз он ҷиҳат асари арзишманд аст, ки дар бораи ҳафт симои барҷастаи журналистикаи тоҷик маълумоти ҷолиб медиҳад ва ин асар пажӯҳишӣ, мустанад ва тазкираӣ аст, ки барои муҳаққиқон туҳфаи хуб аст.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 17 январ дар сармақолаи худ ин саволро матраҳ кардааст, ки чаро нишастҳои матбуотӣ камранг ҳастанд, сабаб дар хунукназарии масъулин аст ё бесаҳолиятии журналистон?

Фарзона Восеева, хабарнигори маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” дар посух ба ин савол гуфт, ки аз 1 соате, ки ҷудо шудааст, 30 дақиқа барои гӯш кардани ҳисобот сарф мешавад ва бинобар ин бисёр саволҳо бепосух мемонанд. Номбурда афзуд, ки имсол интизор дорад, ки роҳбарони аввали ниҳодҳо дар нишастҳои матбуотӣ бошанд ва фурсат диҳанд, ки журналистон ба ҳама саволҳои худ ҷавоб гиранд.

Ба гуфтаи Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори нашрияи «Истиқлол», модоме ҳисоботи ниҳодҳо дар дасти журналистон ҳаст, пас ҳоҷат ба дубора маърӯза кардан намемонад ва беҳтар мебуд соати ҷудошуда танҳо бо пурсишу посух миёни мақомот ва рӯзноманигорон сипарӣ мешуд.

Аз сӯи дигар Бахтиёр Раҳмониён хабарнигори радиои “Фарҳанг” ба ин назар аст, ки камрангии нишастҳои матбуотӣ фақат ба иллати кори роҳбарони ниҳодҳо нест, балки иддае аз рӯзноманигорон низ бо тамаллуқ ва сохтакорӣ ин минбарро аз дасти журналистони воқеӣ гирифтанд.

Вай афзуд, ки мушкили дигар иштирок накардани роҳбарони аввал дар нишастҳои матбуотӣ аст ва бояд амре содир бишавад, ки роҳбарон дар ҳеҷ ҳолат аз иштирок дар нишасти матбуотии ниҳоди худ сарпечӣ накунанд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 29 январ нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ барои натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2023 баргузор мешавад.

Нашрияи “Тоҷикистон“ дар ин шумораи худ ҳамчунин масъалаи роҳандозии низоми баҳогузории 10 – хола дар низоми таҳсилоти кишварро матраҳ кардааст.

Муаллиф ёдовар мешавад, ки ахиран лоиҳаи «Дастурамал оид ба озмоиши низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ гардид. То имрӯз дар макотиби кишвар баҳогузорӣ аз рӯйи меъёр сехола сурат гирифта, ба толибилм баҳои 3, 4 ва 5 гузошта мешавад. 

Ба гуфтаи Асадулло Наҷмиддиниён,  раҳбари  Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ  таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки меъёри панҷбалаи мавҷуда дониши воқеии хонандагонро инъикос намуда наметавонад. Вай афзуд, ки дар низоми мавҷуда хонандагон ба гурӯҳҳои «аълохон», «хубхон», «сехон» ва «духон» ҷудо шудаанд, ки ба андешаи мутахассисон, ин тарзи баҳодиҳӣ доираи маҳдуд дошта, инчунин ба ҳолати равонии хонандагон таъсири бад мерасонад.

Гуфта мешавад, ки дар низоми 10-хола фаъолияти таълимии хонандагон аз рӯи 4 дараҷа ва 10 зина арзёбӣ мешавад: дараҷаи олӣ иборат аз 2 баҳои  5 — аъло (10 хол) ва олӣ (9 хол); дараҷаи хуб иборат аз 2 баҳо —  хубтар (8 хол), хуб (7 хол); дараҷаи миёна иборат аз 3 баҳо — қаноатбахш (6 хол), кофӣ (5 хол), кам (4 хол); дараҷаи паст иборат аз 3 баҳо — нокифоя (3 хол), ғайриқаноатбахш (2 хол), паст (1 хол) ба назар гирифта мешавад.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 18 январ бо нашри мақолае масъали тақвияти тадбирҳо барои ҳифзи муҳити зистро дар Тоҷикистон матраҳ намудааст.

Ба гуфтаи муаллиф мушкилоти асосӣ дар ин самт буридани ғайиқонунии дарахтон, оташ задани баргҳои хазони дарахтон, партофтани партовҳо берун аз маконҳои пешбинишуда ва олудасозии ҳаво аз сӯи корхонаҳои саноатӣ ва воситаҳои нақлиёт дониста мешавад.

Бо назардошти ин муаллиф пешниҳод, кардааст, ки андозаи ҷарима ва муҷозот барои зарар расонидан ба муҳити зист бояд сангинтар крада шавад.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”