9 январи соли 2024 бо ибтикори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат санаи 28 декабри соли 2023 ироа гардида буд, муаррифии (Roadshow) шартҳои барориш ва ҷойгиркунии вомбаргҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст.
Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати молия хабар дода, менависад, ки дар чорабинии мазкур Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ бо суханони ифтитоҳӣ Вазири молия Қаҳҳорзода Ф.С., ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ.Ҳ., баромад намуданд.
Қайд гардид, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунгузории кишвар барои таъмини ин ҳадаф мутобиқ гардонида шуд ва шароити мусоид барои интишор намудани қоғазҳои қимматноки давлатӣ мутобиқ ба талаботи бозор фароҳам гардид, ки бешубҳа ин василаи боэътимоду самарабахши ҷалби сармоя ба ҳисоб меравад.
Дар аснои чорабинӣ зикр гардид, ки дар кишвари мо маротиби аввал аст, ки интишори қоғазҳои қимматноки давлатӣ барои бозори муташаккил ва доираи васеи иштирокчиён, бо шартҳои бозоргонӣ ба муомилот бароварда мешавад.
Боиси зикр аст, ки бозори қоғазҳои қиматноки давлатӣ ба эҷоди даромаднокии гуногунсатҳ ва дар навбати худ барои арзёбӣ ва рушди бозори қоғазҳои қиматноки бахши хусусӣ, аз ҷумла вомбаргҳои корпоративӣ низ шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.
Дар идомаи чорабинӣ мушовири Бонки Осиёии Рушд оид ба шартҳои барориш, механизми ҷойгиркунӣ ва бартариҳои сармоягузорӣ ба коғазҳои қиматноки давлатӣ маърӯза намуд.
Қайд карда шуд, ки коғазҳои қиматноки давлатӣ коғазҳои қиматноки боэътимод ва пардохтпазир буда, бо кафолати давлатӣ таъмин мебошанд. Барориш ва ҷойгиркунии коғазҳои қиматноки давлатӣ тавассути ҶСК «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ», баҳисобгирӣ ва нигоҳдории онҳо дар ҶСП «Депозитарии марказӣ» амалӣ карда мешавад. Харидорони коғазҳои қиматноки давлатӣ ҳам шахсони ҳуқуқӣ ва ҳам шахсони воқеӣ, аз ҷумла ғайрирезидентҳо буда метавонанд. Барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба ҳамаи барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ рамзи байналхалқии муайянкунандаи ISIN дода мешавад.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки Осиёии Рушд ташкил карда шуд.