Ба иттилои хабаргузории ИРНА-и Эрон вобаста ба ҳалокат расидан ва захм бардоштани садҳҳо шаҳрванди ин кишвар бар асари таркишҳои террористӣ имрӯз, 4-уми январ дар Эрон мотами миллӣ эълон шудааст. Аммо маълум нест, ки дар Эрон мотами миллӣ чанд рӯз идома меёбад.
Дирӯз (03.1.2024) дар натиҷаи ду таркиш, ки дар наздикии ҷои дафни фармондеҳи собиқи қисми махсуси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ генерал Қосим Сулаймонӣ рух дод, 103 нафар ҳалок ва 284 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти Эрон таркишҳоро ҳамлаҳои террористӣ номиданд.
Таркишҳо дар ҳамон лаҳзае рух доданд, ки садҳо нафар дар қабристони шаҳри Кирмон дар ҷанубу шарқи Эрон ба хотири гиромидошти хотираи Қосим Сулаймонӣ, ки чаҳор сол пеш ҳалок шуда буд, ҷамъ омаданд.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, таркиши аввал тақрибан дар масофаи 700 метр аз макони дафни Қосим Сулаймонӣ ва дуввумӣ дар як километр дуртар аз он рух додааст.
Аҳмад Воҳидӣ, вазири корҳои дохилии Эрон, гуфт, террористон, омилони ҳамла ва ҷонибдорони ҳамлаи террористӣ дар Кирмон бояд аз хашми мардуми Эрон битарсанд. Вазир дар ин бора рӯзи панҷшанбе пас аз аёдати қурбониёни ҳамлаи террористӣ изҳори назар кард.
Вазири корҳои дохилии Эрон ҳамчунин гуфт, ки дар чанд соати ахир 119 амалиёти ҷарроҳии афроди захмӣ дар ин ҳодиса анҷом шудааст.