Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии Абу-Даби як бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, рақиби дастаи мо яккачини Ҳонгконг мебошад, ки чанде пеш бар тими миллии Чин (2:1) ғалаба кард. Вохӯрии дастаҳои Ҳонгконг ва Тоҷикистон 4 январ дар Абу-Даби баргузор шуда, соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ (17:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад. Бозӣ пушти дарҳои баста сурат гирифта, ба эфир дода намешавад. Тибқи муқаррарот мураббиён метавонанд дар давоми бозӣ миқдори номаҳдуди бозигаронро иваз намоянд, аз ин рӯ натиҷаи рақобат дар рейтинги ФИФА ба инобат гирифта намешавад.
Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2023, ки аз 12 январ то 10 феврал дар Доҳа баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Чин (13 январ), Қатар (17 январ) ва Лубнон (22 январ) рақобат мекунад.