Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласа ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа ва технологияҳои муосир, маориф ва илм, тандурустӣ, сайёҳӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо ҷалби сармоягузорони эронӣ дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.
Ҳамзамон баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Эрон, ки соли 2024 дар Теҳрон ба нақша гирифта шудааст ва тақвияти ҳамкории Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷаласа дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, Протоколи чаласаи 16-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ 28 декабри соли 2023 ба имзо расонида мешавад.