25 декабри соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо роҳбари Идораи кулли сармоягузорӣ ва минтақаҳои озод (GAFI)-и Миср Ҳоссам Ҳайба мулоқот намудааст.
Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар, аз ҷумла ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои санадҳои дар омӯзиши ду ҷониб қарордошта ва таҳияву пешниҳоди санадҳои нави ҳамкорӣ барои соддасозии робитаҳои дуҷониба, баррасӣ шудааст.
Вохӯрӣ дар фазои созандагӣ ва бо таъкиди омодагии ҳарду ҷониб барои таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба ҷараён гирифтааст.