Имрӯз дар «Маркази намоишгоҳҳои Тоҷикистон» дар доираи Ҷаласаи шонздаҳуми Комиссияи муштараки иқтисодии Тоҷикистону Эрон Намоишгоҳи миллии молу маҳсулоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ гардид.
Дар маросими расмии ифтитоҳӣ Раиси Палатаи савдову саноати Тоҷикистон Ҷамшед Чумъахонзода таъкид дошт, ки маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳамкориҳо ва бештар гардидани гардиши маҳсулоти байни ду давлат, таъсиси корхонаҳои нави тавлидотӣ намоишгоҳи мазкур баргузор карда шудааст. Дар он 50 ширкати эронӣ дар бахшҳои энергетика, сохтмон, саноати сабук, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ барои муаррифии дастовардҳои илмию фаннӣ ва тавсеаи робитаҳо ширкат менамоянд.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Хақиқӣён таъкид дошт, ки барои ҳамкориҳо сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Иброҳим Раисӣ заминаи хуберо фароҳам оварданд ва моро зарур аст, то аз зарфиятҳои ҳарду давлат истифода намуда, ҳамкориҳои иктисодиро рушд диҳем.
Алиризо Садрзода, мудири ширкати мудирияти намоишгоҳҳои Эрон зикр намуд, ки 30 ширкате, ки асосан дар самти обу барқ ва неругоҳҳо фаъолият доранд, ба Тоҷикистон омада, маҳсулоту хизматрасонии худро муаррифӣ намуда истодаанд ва боқӣ дар дигар соҳот. Таваҷҷуҳи асосӣ маҳз ба соҳаи энергетикист, зеро Комиссияи муштараке, ки имрӯз ҷаласаи навбатии худро баргузор мекунад, бо роҳбарии вазирони энергетикии ҳарду кишвар доир хоҳад гашт.
Аз намоишгоҳ асосан соҳибкорони Тоҷикистон дидан намуда, аллакай бо тоҷирону тавлидкунандагони маҳсулоти эронӣ гуфтушунид намуда, имкони пайдо кардани шарикони нави тиҷоратиро ба даст меоранд.
Дар охир таъкид карда шуд, ки соли оянда Намоиши маҳсулоти Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нақша гирифта шудааст ва ин ҳама ба хотири рушди ҳамкориҳо ва истифодаи имкониятҳои ҳарду кишвар мебошад.
Намоишгоҳи миллии молу маҳсулоти Ҷумҳурии Исломии Эрон то санаи 29 декабри соли равон дар собиқ бинои «Манеж»-и шаҳри Душанбе идома хоҳад ёфт ва итминон аст он ба густариши робитаи тиҷоративу иқтисодӣ ва афзоиши гардиши мол байни ду давлат кумак менамояд.
Шоистаи Аҳмад,
радиои “Тоҷикистон”