Баргузории ҷаласаи комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ

                                     

25 декабри соли 2023 дар толори Китобхонаи миллӣ таҳти раёсати муовини Сарвази Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ҷаласаи комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологӣ дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои комиссияҳои байниидоравии давлатӣ ва комиссияҳои марбутаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ кори ҷаласаро оғоз намуда, иқдому ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташаббуси навбатӣ дар мавриди эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, инчунин дастгириҳои давлатӣ оид ба ҳамаи самтҳои ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла рушди иқтисоди “сабз” ва тағйирёбии иқлимро қайд намуданд.

Сипас, аз рӯи масъалаи мазкур муовини раиси комиссияи байнииидорави давлатӣ, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зити назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон оид ба натиҷаи рафти иҷрои Барномаи мавриди назар дар фаъолияти комиссияҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки қаблан мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуда буд, ба таври мушаххас маълумот дод.

Аз рӯи масъалаи мазкур ҳар як аъзои комиссия дар маҳал ва намояндагони иштирокдори вазорату идораҳо ва муассисаҳои дигари масъул оид ба фаъолияти соли 2023-и марбутаи худ оид ба татбиқи Барнома ҳисобот доданд.

Сипас, аз тарафи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С. Р. ҳар як аъзои комиссияи мазкур ва масъулони сохторҳои дахлдор дар иҷрои Барномаи мазкур пурсида шуданд.

Бо назардошти иҷрои ҳисоботҳо, дастуру супоришҳо ва таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдори ҷаласа қабул гардид.