Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2023, №130 мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва дар асоси моддаи 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, иҷозатномаи ОНП №00018 барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Вестерн Юнион”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2021, №40 ба ҶДММ “Ташкилоти қарзии ғайрибонкии “Вестерн Юнион ДП Восток”” (ООО “Небанковская кредитная организация “Вестерн Юнион ДАП “Восток”) дода шудааст, дар асоси аризаи хаттии иҷозатномадор бозхонд ва бекор карда шудааст.
ТДар ин бора шуъбаи матбуоти БМ хабар дода, навиштааст, ки тибқи қарори мазкур идораи низоми пардохт уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низомҳои пардохтӣ сабти дахлдор ворид намояд.
Ҳамзамон манбаъ меафзояд, ки дар баробари ин, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки низоми пардохтии “Вестерн Юнион” фаъолияти худро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон (ОНП №00026 аз 30.09.2023), ки оператори он ширкати Вестерн Юнион Нетворк (Фаронса) мебошад, идома дода истодааст. Дар айни замон, хизматрасонии интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб ба аҳолии кишвар тавассути низоми пардохтии “Вестерн Юнион” пурра дастрас мебошад.