Пас аз нашри маводи танқидӣ дар саҳифаи расмии шабакаи Фейсбуки Радиои Тоҷикистон зери унвони “АДОЛАТИ ҚОНУН ВА САДОҚАТИ ОМУЗГОР…” мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ Одилзода Абдувоҳид, дар як посухи расмӣ ба Радиои Тоҷикистон хабар дод, ки Аҳмадова Райҳона, ки қаблан ба Радиои Тоҷикистон аз шеваи муоширати директори мактаб шикоят намуда буд, санаи 15 декабри соли 2023 тибқи як Фармоиш (№88) аз ҷониби директори МТМУ №20” ба кор кабул карда шудааст.
Бино ба вокуниши мудири шуъбаи маориф сабаби набудани имконият барои таъмин бо соати дарстӣ (дар муассиса ҳамагӣ 78 соат дарси забон ва адабиёт мавҷуд асту омўзгорони ин фан 7 мутахассиси маълумоти олидору соҳибтаҷриба) боиси то санаи 14 декабри соли ҷортӣ аз мактаб канор мондани нафақахўр Аҳмадова Райҳона шуда буд. Ҳамчунин, дар вокуниши мудири шуъбаи маорифи ин ноҳия гуфта мешавад, ки аз санаи якуми январи соли 2024 ду нафар омӯзгори дигар, аз ҷумла, Ойимгул Сафарова ва Почо Хушвахтова, ки дар МТМУ №20 ҷ\д Озодагон ба ҳамин мушкил аз кор озод карда шуда буданд, тибқи шартнома ба кор кабул карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки вокуниши мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ, Одилзода Абдувоҳид дар барномаи мустақими “Фурсати баён”- и Радиои Тоҷикистон, санаи 22. 12. 2023 садо дод.