19 декабри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи Шурои муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардидааст.
Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар дода, менависад, ки дар ҷаласаи мазкур кормандони раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм, муовинони ректор оид ба илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.
Дар ҷаласа вазъи амалишавии бандҳои дахлдори самти илм ва инноватсияи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳлил гардидааст. Гуфта шудааст, ки дар робита ба ин, Вазорати маориф ва илм Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, № 526 аз 31.12.2020 №2567 ба тавсиб расонида, ҷиҳати амалишавии бандҳо он фаъолияти пурсамар намуда истодааст.
Вобаста ба масъалаи баррасишаванда аз ҷониби муовини якуми вазири маориф ва илм ба Шуро ва аъзоёни он дастур дода шудааст, ки бандҳои Низомномаи магистратураро дар якҷоягӣ бо раёсати илм ва инноватсия мавриди баррасӣ қарор дода, ба ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва тавсиб расонидан то охири моҳи январ чораҷӯӣ намоянд.
Оид ба масъалаи дуюм – баррасии лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.02.2016, №66 «Дар бораи Низомномаи магистратура» низ баромади Ниёзӣ Сироҷиддин – сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм шунида шудааст. Гуфта шуд, ки дар баргузории ҷаласаи якуми Шуро, ки 24 феврали соли 2023 баргузор гардида буд, ба ноибони ректор оид ба илм ва инноватсия дастур дода шуда буд, ки оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.02.2016, №66 “Дар бораи Низомномаи магистратура” фикру пешниҳодҳояшонро ба тариқи хаттӣ ва электронӣ ба раёсати илм ва инноватсияи вазорат пешниҳод намоянд. Раёсати илм ва инноватсия пешниҳоду таклифоти муассисаҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ба низомномаи болозикр тағйроту иловаҳо ворид намудааст.
Сипас раёсати илм ва инноватсия муваззаф гардид, ки замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.02.2016, №66 “Дар бораи Низомномаи магистратура”-ро бо назардошти ворид намудани тағйироту иловаҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки дар он ҷо зинаи магистратура фаъолият менамояд, барои бознигарӣ ирсол намояд.
Дар охир муовини якуми вазири маориф ва илм ба ҳамаи иштирокчиёни ҷаласа дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани масъулияти касбӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносии милливу ватандӯсти комёбиҳо таманно намуд.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз баргузории ҷаласа аъзои Шуро аз намоиши дастовардҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дидан карданд.