Имрӯз, 18 декабри соли равон дар меҳмонхонаи Серенаи шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Нархгузорӣ ва ҷуброни арзиши доруҳо ва дигар маҳсулоти тиббӣ ҷиҳати беҳтар намудани идоракунии клиникии бемориҳои ғайрисироятӣ” чорабинии омӯзишӣ оғоз гардидааст.
Сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ навиштааст, ки дар маросими ифтитоҳи чорабании мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, сардорони раёсат ва шӯъбаҳои зерсохтори вазорат, шарикон оид ба рушд, намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, ҳамзамон намояндагони кишварии ТУТ дар кишварҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки тавассути Барномаи Дастрасӣ ба дорувориҳо ва Барномаи мубориза бо бемориҳои ғайрисироятии Дафтари минтақавии Аврупо, инчунин дафтари намояндагӣ дар Тоҷикистон, ТУТ ба нақша гирифтааст, ки имкониятҳоро барои рушди таҷрибаи техникӣ ва малакаҳои амалӣ тавассути нишон додани консепсияҳои асосии нархгузорӣ ва ҷубронсозии арзиши дорувориҳои асосиеро, ки барои идоракунии клиникии бемориҳои афзалиятноки ғайрисироятӣ дар марҳилаи амбулаторӣ истифода мешаванд, фароҳам орад.
Чорабинии мазкур то 22 декабри соли равон дар шакли омӯзиш-тренинги амалӣ баргузор мегардад, ки муаррифиномаҳои мавзӯӣ, муҳокимаҳои равишҳои асосӣ дар сиёсати таъминот бо дорувориҳо, бахусус, нархгузорӣ, интихоб ва ҷуброни харољоти маводи доруворӣ барои идоракунии бемориҳои ғайрисироятӣ ва инчунин машғулиятҳо дар зимни гуруҳҳо ва машқу тамринҳоеро, ки ба инкишоф додани малакаҳои амалии ин соҳаҳо нигаронида шудаанд, дар бар мегирад.