6 декабри соли 2023 дар Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ботсвана баргузор гардидааст.
Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, менависад, ки баёнияи муштаракро намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ботсвана Лемоганг Квапе имзо карданд.
Ба таъкиди манбаъ, барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Ботсвана ба инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳад намуд.