Ҷашни Сада ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд

Имрӯз дар шаҳри Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана дар иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон “Ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ва ҳамзамон номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Туркия “Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Чорабинии мазкур то 9 декабри соли 2023 идома ёфта, намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд. Дар ин хусус муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ-и ҶТ Заррина Исмоилзода аз шаҳри Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана ба радиои Тоҷикистон хабар дод.

Маликов М.

Радиои Тоҷикистон