Бино ба иттилои вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон то моҳи декабри соли ҷорӣ кишоварзони ҷумҳурӣ аз аввали мавсим ба миқдори 391734 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки аз он дар вилояти Суғд 110860 тонна, Хатлон 276135тонна ва НТҶ 4734 тоннаро ташкил дода, ҷамъоварӣ бо маром идома дорад.
Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 306655 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шуд. Ба ҳолати 01.12.2023майдони306576 гектар даравида, 306576гектар куфта шуд, ки ҳосили умумӣ 955188 тонна ва ҳосилнокӣ 31,2 сентнерро ташкил медиҳад. Ба иттилои вазорати кишоварзии ҶТ дар ҷумҳурӣ дар майдони умумии 33524 гектар картошка кишт карда шудааст.
Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 01.12.2023 ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 10231 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда шудааст. Аз он мевагӣ 4304 тонна – себ 4231 тонна, 73 тонна биҳӣ, ангур 1723 тонна, картошка 1876 тонна, сабзавот ҳамагӣ 2328тонна, аз он сабзӣ 148 тонна, пиёз 1490 тонна ва дигар маҳсулотҳо650 тоннаро ташкил медиҳад.
То моҳи декабр мувофиқи маълумоти фаврӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷумҳурӣ 950 адад гармхонаҳо фаъолият менамоянд, ки майдони умумиашон 166 гектарро ташкил медиҳад. Дар майдони 55,7 гектар кишти сабзавот, аз ҷумла помидор 21,3 гектар, бодиринг 11,8гектар ва дар майдони 22,7 гектар дигар намуди сабзавотҳо гузаронида шудааст.