Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ иштирок кард

29-30 ноябри соли 2023 дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн аз ҷониби Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) ва Бонки Исломии Рушд (IsDB) конфронси 18-уми солона оид ба бонкдорӣ ва молияи исломӣдар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар кори он ҷиҳати дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани низоми бонкии кишвар, алалхусус рушди бонкдории исломӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон муҳтарам Фируз Шарифзода ширкат варзид. Дар ин бора аз шуъбаи матбуоти БМТ хабар доданд.

Маврид ба зикр аст, ки Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалие мебошад, ки тавассути таҳия ва нашр намудани стандартҳои муосири байналмилалӣ дар ҷанбаҳои гуногуни соҳаи молияи исломӣ, аз қабили муайян намудани талаботҳо оид ба меъёрҳои шариат, баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит, идоракунӣ, этика ва ғайра ба рушди молияи исломӣ мусоидат менамояд.

Дар доираи конфронси мазкур Фируз Шарифзода бо раиси Шурои Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) шайх Иброҳим бин Халифа ал Халифа, директори кулли Шурои хизматрасонии молияи исломӣ ҷаноби Билол Данбатта, раиси Бонки марказии Баҳрайн ҷаноби Рашид Муҳаммад ал Мараҷ ва роҳбари “Хонаи молиявии Кувейт” дар Шоҳигарии Баҳрайн ҷаноби Абдулҳаким Алхайят якчанд вохуриҳои судманд баргузор намуд.

Дар мулоқотҳои дуҷонибаи мазкур муаррифии ҷараёни татбиқи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон, ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI), инчунин масъалаҳои мубрами молияи исломӣ, ба монанди табодули таҷриба дар самти назорати бонкӣ, рушд додани фаъолияти биржаҳои фондӣ, бозори суғуртаи исломӣ (такафул), кушодани ташкилотҳои қарзии исломӣ дар Тоҷикистон ва роҳандозии ипотекаи исломӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Қобили қайд аст, ки ҳамасола кормандони мақоми назорати бонкдории исломии Бонки миллии Тоҷикистон дар семинару вебинарҳо ва мизҳои мудаввар, ки аз ҷониби Ташкилоти ҳисобдорӣ ва аудит барои муассисаҳои молиявии исломӣ (AAOIFI) гузаронида мешаванд, иштирок менамоянд.

Бо истифода аз стандартҳои байналмилалии ташкилоти AAOIFI соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” қабул гардида, дар асоси қонуни мазкур зиёда аз 27 адад дастурамалу низомномаҳо оид ба танзим ва назорати фаъолияти бонкҳои исломӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ, равзанаҳои бонкии исломӣ, идоракунии хавфҳо, тартиби таъсис ва фаъолияти Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ ва ғайра таҳия ва қабул гардиданд. Санадҳои меъёрии мазкур заминаи асосии танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ ба ҳисоб рафта, ба таъсис ёфтани се адад ташкилоти қарзии исломӣ, ки ба муштариёни худ тавассути пешниҳоди маҳсулотҳои бонкдории исломӣ хизмат расонида истодаанд, омили асосӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар айни замон аз ҷониби якчанд ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар ба Бонки миллии Тоҷикистон бастаи ҳуҷҷатҳо бо мақсади гирифтани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ пешниҳод гардидаанд.

Иштирок дар чунин конфронсҳо барои муаррифии татбиқи бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим буда, ба ҷалб намудани сармоягузориҳо ба низоми бонкӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамзамон барои пешбурди танзим ва назорати фаъолияти танзимкунандаи Бонки миллии Тоҷикистон самарабахш арзёбӣ мегардад.