Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солхои 2023 – 2024” баргузор гардид.
Дар он омодагии шаҳру нохияҳои тобеи ҷумҷурӣ ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ҶТ Усмоналӣ Усмонзода бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ- аъзои Ситоди ҷумҳурияви ва раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру нохияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВАО иштирок намуданд.
Дар ин хусус ҳамкорамон Мафтуна Холматзода аз ҷараёни ҷаласа иттилоъ дод. Дар рафти ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳисоботҳо манзур гардида, дар ҷараёни ҷаласа оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумхури вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводи сухт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншоотҳои энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.