30 ноябри соли 2023 дар шаҳри Скопйеи Македонияи Шимолӣ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ дар нишасти 30-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) иштирок ва суханронӣ намудааст.
Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар суханронии хеш Содиқ Имомӣ дар баробари авлавиятҳои Тоҷикистон дар се ченаки фаъолияти САҲА – сиёсӣ-низомӣ, иқтисодӣ-муҳитзистӣ ва инсонӣ, инчунин доир ба чолишҳои умдаи ҷаҳони муосир, аз қабили мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тағйирёбии иқлим изҳори назар кард.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин аз кӯшишҳои барои таҳкими самаранокии САҲА равонашуда истиқбол намуда, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои созанда бо САҲА ва ниҳодҳои он бо мақсади таъмини сулҳ ва рушд дар минтақаи Созмон иброз дошт.