Имрӯз дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу имистони солҳои 2023-2024» бо иштироки муовини Сарвазири кишвар Усмон Усмонзода баргузор гардид.
Дар он омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ – аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он иштирок намудаанд.
Дар ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳо ҳисоботҳо манзур гардида, дар ҷараёни ҷаласа оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва сӯхт, захираҳои маводи сухту озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншоотҳои энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.
Сарвинози С.