Баргузории даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии “”Тоҷикон” -оинаи таърихи миллат” ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дорад.
Озмун дар ду толор баргузор гардида, аллакай қисми зиёди довталабон баромад карданд. Озмуни мазкур соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ҳадафи он дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мебошад.
Имрӯз ҳам иштирокчиёни даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» бо таёрӣ ва ҳаяҷони зиёд дар толори имтихонӣ ҷамъ омаданд. Доварон ба иштирокчиёни озмун таври электронӣ саволҳо пешниҳод карданд ва дар ҳалоти посух гардонидани довлабон ба ҳамаи саволҳои додашуда доварон боз саволҳои иловагӣ медиҳанд. Шоира Давлатзода донишҷӯйи курси чоруми факултаи таърихи ДМТ ва иштирокчии даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» мебошад. Шоира зимни суҳбат ба мо гуфт, ки озмуни мазкур боис гардид, ки мо таърихи гузаштагони худро аз сари нав варақгардон карда, бо қаҳрамониҳои фарзандони миллатамон ошно гардем ва ба ин васила ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии худро боло барем.
Бояд гуфт, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ хавфӣ аз байн рафтани тамаддуну фарҳангҳо хеле зиёд гардидааст. Аз ин лиҳоз роҳандозӣ гардидани озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» яке аз бехтарин иқдомҳои сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Чунки таърих дарбаргирандаи фарҳангу ҳунари қадима низ мебошад. Саидҷон Ҳалимов устоди факултети журналистикаи ДМТ ва иштирокчии даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» мебошад. Номбурда зимни суҳбат ба мо гуфт, ки ин озмун барои рушди тафаккури миллӣ ва донистани он ки мо аз куҷо омадему куҷо равонаем, мусоидат менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз баргузории озмун арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният мебошад. Ёдовар мешавем, ки дар даври чоруми озмуни мазкур аз тамоми қаламрави кишварамон 115 нафар довталаб иштирок намуданд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон“