Ба истифода додани таҷҳизоти коркарди лампаҳои симобдор дар Душанбе

14 ноябри соли 2023 бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва безараргардонии лампаҳои симобдори истифодашуда, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ду даста таҷҳизот барои коркарди лампаҳои симобдор ба истифода дода шудааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ин таҷҳизот барои бехатар истифода бурдан ва безараргардонии лампаҳои симобдор, ки дорои унсури хатарнок ва заҳрнок мебошанд, пешбинӣ шудааст.

Тавре манбаъ нигоштааст, таҷҳизоти нав як қатор афзалиятҳои асосӣ дорад:

Коркарди бехатар ва самараноки 350 адад лампаҳои симобдорро дар як рӯз таъмин намуда, ба муҳити зист партофтани моддаҳои хатарнокро кам мекунад.

Таҷҳизоти сайёр имкон медиҳад, ки онро дар объектҳои мухталиф истифода баранд, ки универсалӣ ва дастрасии онро зиёд мекунад.

Истифодаи технологияҳои пешрафта, партовҳои зарароварро аз байн мебарад ва раванди коркардро муносиб намуда, омили муҳими ноил шудан ба мувозинати экологӣ мебошад.

Бо мақсади таъмин намудани аҳолии кишвар бо нерӯи барқ ва самаранок истифода бурдани он, соли 2009 марҳилаи гузариш аз лампаҳои тафсон ба лампаҳои каммасраф оғоз гардида буд. Истифодабарии лампаҳои каммасраф як тадбири замонавӣ ва муфиди истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ гардид, вале дар баробари ин зарурати таъсиси системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди лампаҳои симобдор ба миён омад, ки метавонад ба саломатии аҳолӣ зарар расонад. Бо ин мақсад соли 2011 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» Қоидаҳои ҷамъоварии лампаҳои истифодашуда аз аҳолӣ таҳия карда шуд. Аз давраи қабули қарори мазкур то имрӯз 1765 нуқтаи қабули лампаҳои симобдор ташкил карда шуда, зиёда аз 2 044 329 адад ҷамъоварӣ шудааст.

Ба кор андохтани ин таҷҳизот барои безарар ва самаранок истифодаи партови лампаҳои симобдори ҷамъшуда мусоидат мекунад. Ин барои саломатии аҳолӣ ва нигоҳ доштани амнияти экологӣ муҳим мебошад.