Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, ҳоло аз ҷониби кишоварзони ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дорад. Аз ҷумла аз аввали мавсими чиниши пахта то ба ҳол дар кишвар ба миқдори 352235 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки аз он дар вилояти Суғд 103 502 тонна, Хатлон 244 416 тонна ва НТҶ 4312 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, ҷамъоварии ҳосили гандум дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ низ идома дошта, соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣдар майдони 211 858 гектар кишти гандум гузаронида шуд, ки то моҳи ноябр дар майдони 211858 гектар даравида, 211848 гектар куфта шуд, ки ҳосили умумӣ 704341 тонна ва ҳосилнокӣ 33,2 сентнерро ташкил медиҳад.
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзии мамлакат дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 10.11.2023кишоварзони ҷумҳурӣ майдони 121330 гектарро шудгор намуда, дар майдони 86279 гектар кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтиро гузарониданд, ки аз он дар ВМКБ 189гектар, вилоятҳои Суғд 36576 гектар, Хатлон 36088гектар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13426 гектарро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои вазорати кишоварзӣ дар ҷумҳурӣдар майдони умумии 33524 гектар картошка кишт карда шудааст, ки то ба ҳол аз ин шумора майдони ҷамъоваришуда 32985гектар буда, ҳосили умумӣ 790076 тонна ва ҳосилнокӣ 240сентнерро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзии мамлакат оид ба захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар анборхонаҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 10.11.2023 ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 658854 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда шудааст. Аз он мевагӣ 11149 тонна – себ 10512 тонна, нок 242 тонна, дигар мевагиҳо 395 тонна, ангур 2420 тонна, картошка 167324 тонна, сабзавот ҳамагӣ 391076 тонна, аз он сабзӣ 6575 тонна, пиёз 382859 тоннаро ташкил медиҳад. Ғалладонагиҳо ҳамагӣ 85243 тонна, аз он гандум 72167 тонна ва шолӣ 13076 тонна мебошад.
Дар сардхонаҳои ҷумҳурӣ 9236 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда шудааст. Аз он мевагӣ 4126 тонна – себ 4056 тонна, 70 тонна биҳӣ, ангур 1560 тонна, картошка 1266 тонна, сабзавот ҳамагӣ 2284 тонна, аз он сабзӣ 144 тонна, пиёз 1490тонна ва дигар маҳсулотҳо650тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ 950 адад гармхонаҳо фаъолият менамоянд, ки майдони умумиашон 166 гектарро ташкил медиҳад.
Дар майдони 43,9 гектар кишти сабзавот, аз ҷумла помидор 16,2 гектар, бодиринг 9,3 гектар ва дар майдони 18,5 гектар дигар намуди сабзавотҳо гузаронида шудааст.