11 ноябри соли 2023 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон чорабинӣ, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки ҳамватанони бурунмарзии кишвари иқомат баргузор гардидааст.
Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо дар суханронии шодбошии худ қайд намуд, ки мардуми тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун ҷашни фархунда, рамзи меҳру муҳаббату садоқат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил менамоянд.
Сипас сафири Тоҷикистон бобати таърихи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санади муҳимми сарнавиштсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он заминаи асосии давлатдории тоҷик дар даврони муосир тарҳрезӣ шудааст, сухан ронд.