Имрўз (13.11.2023) дар толори меҳмонхонаи “Румӣ” Озмуни журналистони Тоҷикистон дар доираи ташаббуси “Нури рушноӣ-2023” ҷамъбаст гардид.
Сармуҳаррири Идораи таҳлилии Радиои Тоҷикистон Раҳматулло Одинаев, дар бахши радиоии озмуни мазкур ҷои аввалро сазовор гардид. Ҳамчунин корманди дигари ҳамин идора Маърифат Шарипова мақоми дуюмро касб намуд.
Ёдрас мекунем, озмун дар 4 бахш: матбуот, телевизион, радио ва блог сурат гирифта, дар он беш аз 80 мавод аз сўйи рўзноманигорон пешниҳод гардида буд.