Уқёнусшиносон бузургтарин шаршараи зериобии ҷаҳонро кашф карданд

Шаршараи бузургтарин дар ҷаҳон дар зери гулӯгоҳи Дания, воқеъ дар байни Гренландия ва Исландия пайдо шуд“,-хабар додааст шабакаи телевизионии МИР 24.

Ба гуфтаи уқёнусшиносон, баландии шаршараи гулӯгоҳи Дания ба 3,5 километр мерасад, ки ин аз шаршараи Ангел, ки баландтарин дар рӯи замин маҳсуб мешавад, се маротиба баландтар аст. Паҳнои шаршара 160 километрро ташкил дода, тавассути он ҳар сония ҳудуди панҷ миллион метри мукааб об ҷорӣ мешавад.

Ба андешаи олимон сабаби пайдо шудани шаршараи зериобӣ фарқияти ҳарорати об мебошад. Дар гулӯгоҳи Дания оби сарде, ки аз баҳрҳои шимолӣ меояд, ба оби нисбатан гарми баҳри Ирмингер якҷо шуда, ҷӯйеро ба вуҷуд меорад, ки он ба қаъри гулӯгоҳ сарозер гардида, шаршараро ба вуҷуд меорад