7 ноябри соли 2023 бо мизбонии Швейтсария дар қароргоҳи СММ Вохӯрии навбатии Гурӯҳи дӯстони об доир гардид. Дар ин нишаст масъалаҳои вобаста ба об ва чорабиниҳои дарпешистодаи марбута, инчунин пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби СММ (моҳи марти 2023) ва Конфрони оби СММ-ро қайд намуда, дар бораи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар чорабинии мазкур ба ҳайси панелистон Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат, Намояндаи доимии Нидерландия Ёка Брандт, муовини Намояндаи доимии Амороти Муттаҳидаи Араб Мухаммад Исо Абушахаб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Намояндаи кишвар зимни баромади хеш аҳаммияти натиҷаҳои Конфрони оби СММ-ро қайд намуда, дар бораи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки моҳи июни соли 2024 дар ш.Душанбе ба баргузор мегардад, маълумоти муфассал ироа намуд. Инчунин, Намояндаи доимӣ аз кишварҳои узви СММ ва ниҳодҳои СММ даъват кард, ки дар Конфронси номбурда фаъол ширкат варзанд.