Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.
Субҳи имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисиро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар доираи сафари расмӣ аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Эрон бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи ду ҷонибро тақвияти бештар мебахшад.
АКС: АМИТ «Ховар»