5 ноябр дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, дар яке аз минтақаҳои таърихии Роҳи бузурги абрешим маросими пардабардорӣ аз рӯи пайкараи рамзии “Гӯсфанди ҳисорӣ”, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор амалӣ гардид, доир шуд. Дар ин хусус котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки бо ташаббус ва пешниҳодҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мероси зиёди моддиву фарҳангии халқи тоҷик ба феҳристи созмонҳои ҷаҳонию байналмилалӣ ворид шудааст. Гӯсфанди зоти ҳисорӣ низ аз ин ҷумла мебошад, ки дар идоракунии захира ва таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти ҷаҳонӣ дорад.
Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 майи соли равон дар шаҳри Ҳисор дар мавзуи «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ: ҳолат ва дурнамо» машварат доир шуд, ки зимни он олимону мутахассисон андешаҳои хешро доир ба ин навъи гӯсфанд ва афзоиш додани саршумори он баён доштанд.
Ҳамчунин 28 июли имсол дар Китобхонаи миллӣ ва 29 июл дар ноҳияи Варзоб бо иштироки олимони сатҳи байналмилалӣ дар мавзуи “Селексия ва такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ” конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид.
Ғояи гузоштани рамзи «Гӯсфанди ҳисорӣ» дар ҳудуди ватани аслиаш — водии Ҳисор зимни андешаронии олимон тавлид шуд.
Барои сокинони шаҳри Ҳисор мояи ифтихор аст, ки пайкараи гӯсфанди ҳисорӣ, ки дар асрҳои 6-уми мелодӣ бо усули селексияи халқӣ дар ҳамин сарзамин офарида шудааст, дар маркази ин водӣ гузошта шуд.