МД Телевизиони «Ҷаҳоннамо» шабакаи сартосарии иттилооти телевизиони Тоҷикистон буда, барномаҳои он бетанаффус тӯли 24 соат ба забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ пахш мешавад. Имрӯз аз таъсиси ин шабакаи иттилоотӣ 15 сол сипарӣ мегардад.
Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008 таъсис ёфтааст. Пахши шабакаи телевизионӣ 5 ноябри соли 2008 оғоз гардид. Сараввал минтақаи шабакаи телевизионӣ 60 % қаламрави Тоҷикистонро фаро мегирифт. Баъдан шабака паҳншавиро тавассути моҳвораи нав оғоз намуд, ки пахши телевизион, дар саросари ҷаҳон таъмин карда шуд. Имрӯз барномаҳои шабакаи «Ҷаҳоннамо» дар ҳудуди 72,32 дар сади қаламрави кишвар пахш мешавад. Ҳамчунин ба воситаи моҳвора барномахои «Ҷаҳоннамо» – ро аҳолии беш аз 55 дар сади ҷаҳон имкони тамошо карданро доранд. Аҳлиддини Тоҳир сармуҳаррири идораи “Нашри барномаҳо” – и Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» зимни суҳбат ба мо гуфт, ки давоми 15 соли фаъоляти худ шабакаи телевизионӣ тавонист, ки бо пахши хабарҳои саривақтӣ аз дохили кишвар ва ҷаҳон, инчунин барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ, тавонист, ки масъуляти худро дар назди ҷомеа иҷро намояд.
Маврид ба зикр аст, ки самтҳои асосии фаъолияти муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» ин таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттилооти наву дақиқ, сареъу саҳеҳ аз дохил ва хориҷи кишвар, таблиғу ташвиқи ғояҳои Ваҳдати миллӣ, афзалият додан ба арзишҳои миллию умумибашарӣ, демократия, сулҳу субот ва инсонпарварӣ, мусоидат ба равандҳои созандаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии миллату халқияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Азизбек Мавлонзода хабарнигори идораи “барномаҳои иттилотӣ” – и муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» зимни суҳбат ба мо имрӯз муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» дар баробари он, ки иттилоот пахш мекнад, ҳамчунин он мактаби бузурге мебошад, ки дар самти расонидани иттилоот мутахассисони ҳирфавиро омода мекунад.
Бояд гуфт, ки муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» ягона шабакаи иттилоотии ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба коркард ва пахши хабарҳои саривақтии Тоҷикистон ва ҷаҳон сару кор дорад. Вазифаҳои муассиса аз интишори сиёсати давлатӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути барномаҳои телевизионӣ бо ҷалби мутахассисону коршиносон ва сиёсатдонҳо, истеҳсол ва паҳн намудани маҳсулоти аудиовизуалӣ, филмҳои таблиғотӣ, хидматгузориҳои ороишӣ иборат аст.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон“