25 октябри соли 2023 дар МД Боғи фарҳангию фароғатии “Хайём”-и шаҳри Душанбе Фестивали ҷавонони пойтахт таҳти унвони “Об барои ояндаи мо” баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ташаббаси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо бо дастовардҳои соҳавии вобаста ба ҳифзи обу пиряхҳо фаъолона иштирок намуданд.
Ҳайати роҳбарикунадаи чорабинӣ аз дастовардҳои бамаъразгузошта, аз ҷумла офаридаи дастранҷи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дидан намуда, ба ҳунари онҳо баҳои сазовор доданд.
Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи обу иқлим арзёбӣ карда шуд.