Раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Туркия бо роҳбарияти ноҳияи Енишехири Ҷумҳурии Туркия мулоқот намуд. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории муштаракро баррасӣ намуданд.
Инчунин ҳайати ноҳияи Данғара таҳти роҳбарии раиси ноҳия бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ин ноҳия шинос гардид.
Тавре қаблан иттилоъ додем, Раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар Ҷумҳурии Туркия қарор дошта, бо як зумра роҳбарони ноҳия ва корхонаҳои саноатии Туркия вохӯрӣ намуд.
Ҳадаф аз ин сафар таҳкими ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва бозомӯзии мутахассисон байни ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияҳои иқтисодии Ҷумҳурии Туркия мебошад.