Имрӯз, дар доираи рақобатҳои рӯзи аввали мусобиқаи ABU DHABI GRAND SLAM-2023 се тан аз ҷудокорони тоҷик рақобат намуданд. Рақобатҳо имрӯз дар вазнҳои -60 ва 66кг миёни мардон ва зери вазнҳои 48, 52, 57кг миёни бонувон сурат гирифта истодааст.
Тоҷикистонро дар ин рӯзи рақобатҳо Меҳрзод Суфиев бо Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60кг ва Обид Ҷебов дар вазни -66кг намояндагӣ карданд. Меҳрзод ва Обид дар рақобатҳои аввалинашон ва Муҳаммадсолеҳ дар даври дуюм шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо бенасиб монданд.
Фардо, дар рӯзи дуюми мусобиқа Тоҷикистонро Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -73кг ва Сомон Маҳмадбеков вазни -81кг муаррифӣ мекунанд. Беҳрӯз дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Ҳассан Доукали аз Марокаш ва Карим Абдуллоев аз АМА нерӯ месанҷад. Инчунин Сомон Маҳмадбеков низ дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Николас Йонезука аз ИМА ва Ҳасиб Мустафо аз Покистон рақобат мекунад.
Сорбон Амонуллозода