Дирӯз, 19.10.2023 дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими пӯшидашавии аввалин синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе-“Тоҷи Сомон” доир шуд. Дар анҷоми ин чорабинии бонуфузи фарҳангӣ, меҳмонон, синамогарон, ҳунарпешаҳои маҳбуб, тамошобинони зиёд ва рӯзноманигорон ҳузур доштанд. Дар ниҳояти натиҷагирӣ, ҳайати ҳакамон ба ин хулоса расиданд, ки Ҷоизаи махсуси раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ “Барои саҳми муносиб дар рушди кинематографияи тоҷик” ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева дода шуд. Ҷоизаи махсуси мазкур аз 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таркиб ёфта буд.
Дар идома барои иҷрои нақшҳои марказӣ дар филми “Роҳ” Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Нисо Муҳаммадҷонова, Зулфия Содиқова ва Мавлона Наҷмиддинова бо дипломҳо сарфароз гардиданд. Ҳамчунин Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Моҳпайкар Ёрова бо Аълочии кинематографияи тоҷик қадрдонӣ шуд. Бо ҳамин маром ва дар фазои басо мутантан, маросими пӯшидашавии ин ҷашни синамоӣ бо суруду таронаҳои марғуб идома ёфта, бад-ин тартиб ҷоизаҳо соҳибони худро ётфанд:
Ҷоизаи Беҳтарин филми кӯтоҳ ба Умед Мирзоширинов барои филми кӯтоҳи “Додараки фариштаҳо”, Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин ба коргардони кишвари Ҳиндустон Шрисайла Шри Раҷамули барои филми “Тулӯи интиқоб”, ки як таронаи он ба гирифтани ҷоизаи бонуфузтарини синамоии “Оскар” шарафёб шудааст, дода шуд. Ҷоизаи мазкур ба дасти коргардони машҳури ин кишвар, таҳиягари филми номдори “Алибобо ва чил роҳзан” Сумеш Меҳра, ки аз меҳмонони фахрии ин чорабинӣ буд, расонида шуд.
Ҷоизаи махсуси ҳакамонро бошад ба коргардони ӯзбекистонӣ Акбар Бектурдиев барои филми “Ӯзбекдухтар” лоиқ донистанд. Соҳиби Ҷоизаи беҳтарин нақши занона Айсанам Юсупова-офарандаи нақши марказӣ (ӯзбекдухтар) дар филми “Ӯзбекдухтар” гардид. Бо ҳамин тартиб, Беҳтарин нақши мардона ба офарандагони образҳои мазказии филми “Дов” Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Абдулмуъмин Шарифӣ ва Салоҳиддин Шукурзода бахшида шуд. Филми мазкур дар коргардонии Муҳиддини Музаффар таҳия гардидааст. Мақоми Беҳтарин наворбардор бошад ба Цао Йю барои филми “Риштаи умр” аз кишвари Чин дода шуд. Дар идома Беҳтарин коргардон Маҳдӣ Фард Қодирӣ аз кишвари Эрон барои филми “Озурдагон” пазируфта гардид.
Ҳамчунин ба ҳама меҳмонони фахрии ин ҷашнвораи байналмилаии синамоӣ ба шумули Тамара Яндиева, Убайдулло Амон, Бақо Содиқ, Валерий Аҳадов ва киношиноси тоҷик Тиллои Некқадам дипломҳо тақдим гардид.
Шоҳҷоиза аввалин синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе-“Тоҷи Сомон” бошад ба Носир Саидов барои филми “Роҳ” тақдим шуд. Бо ҳамин, ин маҳфили рангини синамоӣ ба анҷом расид.
Таҳияи Лутфуллои Азиз