Ҳайати расмии Тоҷикистон дар Форуми сеюми байналмилалӣ дар Пекин иштирок намуд

Дар Форуми  сеюми байналмилалии «Як камарбанд — Як роҳ», ки 17-18 дар Пекин доир мешавад, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иштирок дорад. Дар ин бора аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар маросими ифтитоҳи форум раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин сухан гуфт.

Дар Форуми  сеюми байналмилалии «Як камарбанд — Як роҳ»  намояндагони 130 давлати ҷаҳон ва 30 созмони бонуфузи байналмилалӣ иштирок доранд.

«Як камарбанд — як роҳ» ташаббуси байналмилалии Чин барои такмили долонҳои нави тиҷоратӣ ва нақлиётӣ ба шумор меравад. Он беш аз 60 давлати  Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Африқоро ба ҳам пайваста, барои пешбурди рушди муносибатҳои тиҷоратӣ байни давлатҳо ва Чин пешбинӣ шудааст.