Намоиши аксҳои Заур Дахте дар ҳошияи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи сомон”

Имрӯз дар ҳошияи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” дар саҳни МД “Тоҷикфилм” намоиши аксҳо таҳти унвони “Шаҳри ман – хонаи ман” ва “Дарси устод ва шогирд” бо иштироки Заур Дахте баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори МД “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён оғоз гардид. Директори МД “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён дар суханрониаш зикр кард, ки саҳми Заур Дахте дар рушди кинои тоҷик хеле бузург аст. Тавре Абдуғаффори Абдуҷаббор драматурги тоҷик гуфт, воқеан аксҳое, ки Заур Дахте бардоштааст пурра инъикосгари симои миллати тоҷик мебошад.

Заур Дахте филмбардор ва аккоси шинохта, ходими хидматнишондодаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ кард, ки бори аввал дар Тоҷикистон Синамоҷашнвораи
байналмилалӣ баргузор мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки бахшида ба Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” то рӯзи 19 – уми октябр дар пойтахти мамлакат ва дигар маконҳои таърихиву фарҳангии кишвар силсилачорабиниҳо ба таври мунтазам баргузор мегардад. Бояд гуфт, ки Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” барои рушди синамои миллӣ ва муаррифии ҳарчӣ бештари кинои тоҷик дар сатҳи байналмилал заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.