ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ДУШАНБЕ

Имрӯз 15 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт Иди Меҳргон дар якҷоягӣ бо Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал, Фестивал-намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида истодааст.

Тавре ҳамкорамон Сарвинози Сайдалӣ аз рафти фустивали мазкур иттилоъ медиҳад дар ин фестивал намояндагон аз ҳукумати кишвар, шаҳри Душанбе, Вазорати кишоварзӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ноҳияи Фирдавсӣ ва меҳмонон аз хориҷи кишвар иштирок доранд.
Дар саҳни ҷашнгоҳ деҳқонони мамлакат аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тозаи кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро бо нархҳои дастрас пешниҳоди иштирокдорон намудаанд.

Ҳамчунин имрӯз баргузории барномаҳои фарҳангӣ баргузор гардида, ба иштирокчиён ва кишоварзон туҳфаю ифтихорномаҳо тақдим мегарданд.