Нақшаи қисми даромади буҷети умумии вилояти Суғд ба андозаи 106,2 фоиз иҷро гардид

Дар вилояти Суғд дар натиҷаи таъмин шудани рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, дар нўҳ моҳи соли 2023-юм нақшаи қисми даромади буҷети умумии вилоят бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 106,2 фоиз иҷро гардид.

Дар ин давра ба буҷети давлатӣ 3195,8 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нақша 185,7 млн. сомонӣ ва дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022-юм 442,0 млн. сомонӣ ё 16,1 фоиз зиёд мебошад. Ин нукта дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зикр гардид.

Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят иҷрои нақшаи даромади буҷет аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот пурраю барзиёд таъмин карда шуд. Инчунин, ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ўҳдадориҳои андозии худро аз рўи контингенти умумии даромадҳо таъмин карданд.