Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд

19 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо ба таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин пайваста таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоем.

Ли Сян дар навбати худ изҳор доштанд, Чин пайваста аз рушду нумуи Тоҷикистони дӯст дастгирӣ намуда, дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки муштарак кумаки худро дареғ намедорад.

Зимни суҳбат масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла гардиши савдо, ки дар моҳҳои январ-августи соли равон ҳаҷми он ба зиёда аз 2,5 миллиард доллар расидааст, баррасӣ шуд.

Татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки барои ҳарду ҷониб судбахш  дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, инфрасохтор ва кишоварзӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт.

Баҳрабардорӣ аз технологияҳои муосир, бо шумули зеҳни сунъӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва омодасозии кадрҳо ҳам аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, атрофи доираи васеи мавзӯъҳои рӯзномаи  шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин сурат гирифт.

Дар рафти суҳбат Пешвои миллат ва Сарвазири Шурои давлатии Чин масъалаҳои алоҳидаи рузномаи байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карданд.