Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дувумин Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома”» оғоз шуд.
Қабл аз ифтитоҳи конфронс ҳамоиши тасвиру нигоштаҳо, миниатюраҳои таърихӣ ва инчунин нусхаи китобҳои “Шоҳнома” Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ки мутаалиқ ба асрҳои 15-16 аст, ба маърази намоиш гузоштанд. Ҷаласаи ифтитоҳиро Президенти АМИТ академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз намуда, иброз дошт, ки маҳз бо дарки амиқи ин воқеият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ин шоҳасар ва аҳаммияти он гуфт: “Шоҳнома” танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ, ривояту афсона нест, балки пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонист.
Сипас, дар ҷаласаи ифтитоҳӣ мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ Муҳиддин Панҷшанбезода суханронӣ намуда, афзуд, ки басо рамзист, ки дар Тоҷикистон ҷашнҳои таърихӣ аз нав эҳё гардиданд, ки ин ҷашнҳои миллӣ дар “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ дарҷ гардидаанд. Ба таъкиди мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ Муҳиддин Панҷшанбезода “Шоҳнома” – и Фирдавсӣ то абад безаволу пойбарҷост.
Инчунин дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс Паёми Раиси Бунёди Рӯдакӣ (Порис) профессор Масъуди Миршоҳӣ шунида шуд. Профессор Масъуди Миршоҳӣ зикр кард, ки “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ҳамчун шиносномаи таърихӣ дар маркази дилу забон, фарҳанги тоҷикон қарор дорад ва нақши он дар пойдории забони тоҷикӣ ва истиқлоли фарҳангии тоҷикону форсизабонони ҷаҳон бармало аст.
Бояд гуфт, ки дар конфронси мазкур олимони маъруфи шарқшинос, муаррихон, фарҳангшиносон, забоншиносон, адабиётшиносон, сиёсатшиносон, устодони донишгоҳҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла меҳмонони форсизабони ҷаҳон, намонядагон аз Фаронса, Покистон, Эрон, Британия, Федератсияи Русия ва Узбекистон иштирок ва суханронӣ намуданд ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арҷгузории ба адибони тоҷику форс дар сатҳи баланд арзёбӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиш дар сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ намудани бахшҳои ҷуғрофӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии таълифоти Фирдавсӣ аст.
Конференсия аз 4 бахш: таърих, фалсафа, ҷуғрофия, адабиётшиносӣ, забоншиносию фарҳанг ва ҳунар иборат буда, аз ҷониби донишмандони ватанию хориҷӣ маърузаҳо пешниҳод мегарданд.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”