Муаррифии Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо дар Прокуратураи генералӣ

Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон оид ба муаррифии сохтори нав: Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо барномаи машғулияти назариявию амалӣ оғоз гардидДар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Прокуратураи генералӣ иттилоъ доданд.

Барномаи машғулияти назариявию амалӣ аз ҷониби Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва муаррифӣ шудааст.

Тавре дар хабари расмии Прокуратураи генералӣ омадааст, зимни амалисозии ин барнома зарурати таъсис, мазмун ва моҳияти Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо ба кормандон фаҳмонида шуд.

Дар барнома мавзуъҳои муҳим, аз қабили самтҳои асосии фаъолият, вазифа, принсип ва ваколатҳои Марказ, бақайдгирӣ ва танзими парвандаҳои ҷиноятии экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, таҳлил ва тадқиқот дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм, пешгирии паҳншавии маводу иттилооти экстремистӣ дар фазои интернет, вазифа ва ваколатҳо дар самти пешгирии киберҷиноятҳо, таҳлилу ҷамъбасти ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ, мониторинг, арзёбӣ ва пешгӯии таҳдидҳои ин зуҳурот мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Машғулият аз ҷониби кормандони варзидаи мақомоти прокуратура, устодони Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои Прокуратураи генералӣ ва дигар кормандони масъул бо усулҳои назариявӣ, интерактивӣ, амалӣ ва кор бо гурӯҳҳо амалӣ мешаванд.

Барои иштирок дар барномаи мазкур кормандони мақомоти прокуратура, ки самти пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳоро назорат менамоянд, ҷалб шудаанд.

Шиносоии кормандони мақомоти Прокуратура бо Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо идома ёфта, 12-13 октябр машғулият бо кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон ва 18-19 октябр бо кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд гузаронида мешаванд.