Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз  суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко баргузор гардид. 

Президенти Ҷумҳурии Беларус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрузаш самимона табрик гуфта, тамманиёти неки худро иброз намуд.

Дар баробари изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи кунунии муносибатҳои байнидавлатӣ Сарони давлатҳо аз идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Беларус барои пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Президентҳои Тоҷикистон  ва Беларус  ҳамзамон атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.