Ба диққати мухлисони гӯштини кураш ва дӯстдорони варзиш расонида мешавад, ки имрӯз 5-октябри соли 2023 соати 23:00 ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ Ҳангжоу 2022 – Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаров аз шаҳри Ҳангжоуи Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон бармегарданд.
Ба ин хотир шуморо барои пешвозгирии самимӣ ва дастгирии ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ Ҳангжоу-2022, назди Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе даъват менамоем.