Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Тарбияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ: вазъ ва дурнамо» конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажуҳишгоҳҳои илмӣ ва коршиносон иштирок намуданд. Дар ин хусус Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар додааст.
Дар ҳамоиш масъалаҳои муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ, вазъ ва дурнамо, аҳаммияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар рушди устувори мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ дар шароити рушди иқтисодию иҷтимоӣ, нақш ва мақоми занон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ватандӯстӣ дар низоми арзишҳои ҷавонони Тоҷикистон баррасӣ ва арёзбӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоиш, ки ба мавзуи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон бахшида шудааст, имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои умдаи муҳити ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳокима шуда, мақсад ва ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо назардошти хусусияти шаклгирии равандҳои дохилидавлатию умумихалқӣ аз дидгоҳи назариявию амалӣ боз ҳам амиқ ва равшантар шаванд.
Иброз гардид, ки дастгириву ба ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ мамлакати ҷавонон аст.